Аксияи хайриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
25 майи соли 2023 иштирокчиёни Шуъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» иқдоми хайриявиро барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию амалӣ оид ба фаъолияти иҷтимоӣ ва инноватсионӣ» ба барқарорсозӣ фаро гирифта шудаанд, баргузор намуданд.
Ҳар рӯз дар марказ тақрибан 50-60 кӯдаки дорои маъюбияти гуногун — ҷисмонӣ ва зеҳнӣ (ФДМ, синдроми Даун, аутизм ва дигар ҳолатҳо) дар шакли маркази рӯзона кумак мегиранд ва ба барқарорсозӣ фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон аз 0 то 14-сола қабул карда мешаванд.
Дар доираи барқарорсозӣ кӯдакон бо мутахассисони баландихтисоси марказ машғул мешаванд: онҳо масҳ мегиранд, малакаи ҳаракати дастро инкишоф медиҳанд, бо логопед машғул мешаванд ва машқҳои гуногунро дар таҷҳизоти махсус иҷро мекунанд.
Роҳбарият, мутахассисон ва волидони кӯдакони дорои маъюбият ба Шуъбаи миллии «Хонуми ядроӣ» ва Агентии амнияти ХБРЯ НАНТ барои кӯмаки расондаашон изҳори миннатдорӣ карданд.